Баҳси марзу терроризм дар сӯҳбати Раҳимзода бо мақомоти Чин
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба Чин бо мақомоти ин кишвар мавзӯи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухадирро баррасӣ кардааст. Ин сафари Раҳимзода рӯзи 19 августи соли ҷорӣ сурат гирифт.
“Вазири умури дохилӣ бо Го Шенкун, вазири бехатарии Чин ва Мэн Тсзянчжу, котиби комиссияи сиёсӣ-ҳуқуқии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ин кишвар мулоқот карда, ҳамкориҳоро дар самти хариду фурӯши одамон, силоҳ ва ҳифзи марз матраҳ кард”,-омадааст дар хабари расмии ВКД.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар самти омода намудани кадрҳо ба мувофиқа расида, ҳамзамон қобили қабул донистанд, ки мубодилаи мунтазами ахбор вобаста ба ҷиноятҳои фаромиллӣ боиси пешгирии ҷинояткорӣ хоҳад шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД, ҳангоми боздиди ҳайати Тоҷикистон аз Донишкадаи тадқиқоти илмии Вазорати бехатарии Чин, роҳбарияти он омодагии худро барои ҳамкорӣ ва роҳандозии таҷрибаи пешқадам ва боло бурдани малакаи касбӣ изҳор намудаанд.
Феълан сафари кории як ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба раҳбарии Рамазон Раҳимзода дар Чин идома дорад.