ВИДЕО: Пайдо шудани навори тирпаронии 21 майи Хоруғ дар Интернет
Дар шабакаи Интернет навори видеоие дар бораи ҳодисаи тирпаронии 21 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон пайдо шудааст. Ин навор аз сӯи афроди номаълум вориди интернет шуда, аз рафти амалиёт ва тирпаронӣ дар ин ҳодиса хабар медиҳад.
Тавре дар сонияи 5-уми ин навори видеоӣ дида мешавад, мошини боркаше дар назди Шуъбаи умури дохилии Хоруғ ба миёни роҳ баромада, ҳаракатро қатъ менамояд ва, инчунин, аз ҳузури як гуруҳ афроде, ки дар бар либосҳои ҳарбӣ доранд, ишора мекунад.
Дар навори мазкур ба таври равшан мушоҳида мешавад, ки чигуна дар гирду атрофи низомиён сокинони осоишта ҳанӯз чанд дақиқа қабл аз оғози амалиёт гаштугузор доранд. Дар сонияи 26-уми навор мошини сафеде пайдо шуда, аз қисмати роҳе, ки тавассути мошини боркаш банд шуда буд, мегузарад. Вале дар сонияи 29-ум тирпаронӣ самти мошини сиёҳе оғоз мешавад, ки дар дохили он Мунаввар Шанбиев, Фрайдун Абдурасулов ва Собир Худоихонов будаанд.
Баъд аз гузаштани 8 сония нафаре дар наздикии қисмати бандшудаи роҳ ба замин меафтаду баъдан ӯро ба дигар макон интиқол медиҳанд.
Дар ҳодисаи тирпаронии 21 май дар маркази Хоруғ панҷ нафар ҷон бохта, чанд тани дигар ҷароҳат бардошта буданд. Мақомот гуфтанд, ин амалиёти махсус барои боздошти афроди гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир буд.