Сафари Раҳмон ба Суғд ва ифтитоҳи меҳмонхона дар Чкалов
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, субҳи чоршанбе ба вилояти Суғд рафт ва сафараш ба шимоли кишварро аз ифтитоҳи як меҳмонхона дар Чкалов оғоз бахшид. Меҳмонхонаи “Сипеҳр”, ки аз сӯи соҳибкор Фазлиддин Ҳасанов бунёд ёфтааст, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи меҳмонхона гуфтааст, “дар шароити афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бунёди зербинои сайёҳӣ, аз ҷумла сохтмони меҳмонхонаҳои хурду миёна ва бузург хеле муҳим аст”. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд ошноии бевоситаи ӯ “бо вазъи зиндагии мардум ва бо рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ” будааст.
“Тайи ин боздид Эмомалӣ Раҳмон як зумра корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли нах ва ришта аз сангҳои базалтӣ, корхонаи тавлиди сангу шағал ва асфалт, корхонаи масолеҳи сохтмонии оҳану бетонӣ, як меҳмонхона ва як мактаби нав чанд иншооти варзишӣ ва биною муассисоти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар чорабиниҳои бахшида ба арафаи солгарди навбатии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок хоҳад дошт”,-омадааст дар торнамои раиси ҷумҳур.