Бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат”, “Қарияи боло” ва “Деҳқон” мизбони иди “Асалу харбуза-2014”
30 август дар бозорҳои "Шоҳмансур”, “Саховат”, “Қарияи боло” ва “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе иди “Асал ва харбуза-2014” баргузор мешавад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ба иди асалу харбузаи шаҳри Душанбе онҳое маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд, ки дар минтақаҳо ғолиб дониста шудаанд. Ба қавли манбаъ, 24 августи соли равон иди “Асал ва харбуза-2014” дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ гузаронда мешавад: “Ғолибони чорабинии мазкур барои иштирок дар ҷашни “Асал ва харбуза-2014”, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ доир мегардад, роҳхат мегиранд. Вазорати кишоварзӣ ба беҳтаринҳо туҳфаҳо тақдим мекунад”.
Манбаъ меафзояд, дар иди “Асал ва харбуза-2013” бештар аз 115 тонна асал ва зиёда аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбуза пешниҳоди меҳмонону сокинони пойтахт гардида буд.