Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент дар вазорати рушди иқтисод ва савдо
Матлубхон Давлатов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент, ба масъулини вазорати рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки кормандони ин вазоратро мебояд барои рушди иқтисоди кишвар боз ҳам масъулияти бешар эҳсос намоянду кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ диҳанд.
Зимнан, дирӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолият ҳамоиши вижаи масъулин бо ширкати намояндагони дигар сохторҳо баргузор гардид. Тавре дастандаркорони конфронс ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, дар ин ҷамъомад Фарух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо, Матлубхон Давлатов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар масъулини вазорат, ширкат доштанд. Роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент дар ин нишаст ифтихорномаи президенти Тоҷикистонро ба муносибати 20 солагии истиқлолият ба як қатор кормандони вазорати рушди иқтисод ва савдо тақдим намуд.{jathumbnail off}