Номаи Раҳмон ба Карзай дар бораи истиқлол ва суботи Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли номае ба Ҳомид Карзай истиқлоли Афғонистонро ба ӯ ва кулли ҳамватанонаш табрик гуфта, барояшон суботу оромӣ хостааст.
Дар ин номаи оқои Раҳмон гуфта шудааст, “ниҳоят хушнуд ва масрурам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Афғонистонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ – 95-умин солгарди истирдоди истиқлоли давлатии Афғонистон – сидқан табрику таҳният намоям”.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома афзудааст, “халқу кишварҳои мо пайвандҳои амиқи таърихӣ ва таҷрибаи арзишманди ҳамёрӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ доранд. Мо қаноатмандем, ки тайи солҳои охир дар рушд ва таҳкими равобит ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ ва дар маҷмӯъ дар тақвияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон муваффақиятҳои бузург ба даст овардем”.
Ба қавли ӯ, Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи робитаҳои дӯстона мебошад ва барои ин тамоми кӯшишҳои заруриро ба харҷ хоҳад дод. “Бо истифода аз ин фурсат изҳори итминон мекунам, ки Афғонистон дар ин марҳилаи тақдирсоз ба туфайли хирад ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти худ бо сарбаландӣ муваффақ хоҳад шуд, то аз имтиҳонҳои кунунӣ бо ҳамбастагию оромиш ва ваҳдати беш аз пеш берун ояд”,-таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.