Пешбинии Ҳайдар Ҷамол аз "тағйироти бузург" дар Тоҷикистону ҳамсояҳояш
Ҳайдар Ҷамол, фаъоли ҷамъиятии Русия, бовар дорад, ба наздикӣ Осиёи Марказиро тағйироти бузурге интизор аст, ки ҳатто ба иваз шудани табақаҳои болоии кишварҳои минтақа сабаб мешавад. Оқои Ҷамол ин ҳарфҳоро дар як суҳбаташ бо хабарнигорон дар маркази Қирғизистон баён доштааст.
"Имкон дорад, низои байни кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон ҳам сар занад”,-пешбинӣ кардааст ӯ.
Ба гуфтаи Ҳайдар Ҷамол, равандҳои ношӣ баъд аз пайвастани Қрим ба қаламрави Русия наметавонад, нисбат ба қишри элитаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки мустақиман бо Кремл пайвандӣ доранд, бетаъсир бошад: “Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия бо шомил кардани Қрим ба қаламрави кишвараш ба доми мухолифини худ дарафтод, ки миёни қишри элитаи рус ташкил шуда буд.” Ҷамол бар ин аст, ки мухолифини ҳукумати феълии Русия бо сард кардани равобити миёни Ғарб ва Путин, ки дуюмӣ инро намехост, ба ҳадафи худ расидаанд.
“Аз ин рӯ, таъсирнокии Маскав дар ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ заиф шуда, дар натиҷа режимҳои Осиёи Марказӣ, ки вобастаи Кремл мебошанд, бо аз даст додани ҳимояти он зиёд давом нахоҳанд карду давоми як соли охир дар минтақа тағйироти элита хоҳад шуд”,-таъкид дошт ин фаъоли ҷамъиятии Русия.
Ӯ дар тақвияти суханҳои худ таъкид мекунад, ҳаводиси охири миёни Киев ва Маскав, аз ҷумла бархӯрди низомиро як соли пеш дар яке аз расонаҳои украинӣ бо нашри матлабе гӯиё пешбинӣ карда буду он замон расонаи мазкур онро сенарияи тахайюлӣ арзёбӣ кардаанд. “Баъдан дидем, ки гуфтаҳои мо ба ҳақиқат пайваст”,-гуфт Ҳайдар Ҷамол.
Ин коршинос бар ин аст, ки Чин аз суботи минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор несту дар сурати ба миён омадани нооромиҳо Русия таъсирнокии худро аз даст медиҳад ва роҳро ба чиниҳо хоҳад кушод. “Даргириҳо дар ин минтақа, аз ҷумла миёни Душанбе ва Тошканд пешбинӣ мешавад, ки дар натиҷа тағйири қишри элита низ эҳтимол дорад. Чун ин ҳар ду режим, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Узбакистон “дастсохт”-и Русия мебошанд. Агар пояи ҳукумати Кремл ларзад, имкони бақои ин режимҳо низ дигар вуҷуд надорад”,-шарҳ дод ӯ.