Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон ба довталабоне, ки холҳои лозимиро ба даст оварда, аммо ба ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд, озмуни такрорӣ баргузор мекунад.
Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ба қайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ 26 августи соли ҷорӣ оғоз гардида, довталаб имкон дорад, то 10 ихтисоси дорои ҷойҳои холиро танҳо дар доираи як кластер интихоб намояд.
“Барои ба қайдгирӣ довталабро зарур аст, дар яке аз шуъбаҳои “Амонатбонк” 14 сомонӣ пардохт намуда, расид (квитансия), шиноснома ва варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаро ба нуқтаи азнавбақайдгирӣ пешниҳод намояд. Ддовталабоне, ки дар озмуни тақсимот яке аз ихтисосҳои интихобкардаашонро соҳиб шудаанд, дар сурати даст кашидан аз ихтисоси ба он тақсимшуда ҳуқуқи аз нав бақайдгирӣ ва иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро надошта, ҷойи онҳо дубора ҳамчун ҷойи холӣ барои тақсимоти такрорӣ эълон карда мешавад”,-гуфт Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ.
Нишонӣ ва телефонҳо барои муроҷиат:
1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 192, телефонҳо: 224 53 66, 224 53 67, 224 53 68);
2. Хуҷанд: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 (шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников 79, телефонҳо: 915 98 00 69, 915 98 00 89);
3. Қӯрғонтеппа: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 (шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Мирзоқодирова 7, телефонҳо: 915 98 00 58, 915 98 00 71);
4. Кӯлоб: Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 (шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ 2, телефонҳо: 915 98 00 58, 915 98 00 71);
5. Хоруғ: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (шаҳри Хоруғ, , телефонҳо: 915 98 00 51, 93 515 30 22).