Дастгир шудани се шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи мақомоти қирғиз
Мақомоти мубориза бо маводи мухаддири Қинғизистон дар пайи як амалиёти махсус дар минтақаи Қизил-Арти ноҳияи Олойи вилояти Уш, наздик ба марзи Тоҷикистон, се шаҳрванди кишварро боздошт кардаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон 26 килову 759 грамм ҳашиш мусодира ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.