47 муҳоҷири тоҷикро аз Башқордистон ихроҷ кардаанд
Шурӯъ аз моҳи январи соли равон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумҳурии Бошқирдистон ба ватан депорт шудаанд.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ин афрод дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ кор ва зиндагӣ мекардаанд. Дар ин давом дар маҷмӯъ, 358 муҳоҷири ғайриқонунӣ ихроҷ шудааст, ки 211 нафараш шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Афроди боқимонда табааи Туркия ва Озарбойҷон гуфта мешаванд.