Каромат Шарифов хост, ба бадномкунии Ислом хотима диҳанд
Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷомеа ва ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба бадномкунии Исломи ноб дар кишвар хотима бахшида шавад. Ӯ ин ҳарфҳоро дар номаи расмии худ ба Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, баъди бозгашташ аз Ватан навиштааст.
Оқои Шарифов гуфтааст, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, ки нимаи аввали моҳи августи соли ҷорӣ сурат гирифт, тариқи телевизионҳои давлатӣ барномаҳоеро дар бораи бадахлоқии баъзе аз “муллоҳо” дидааст. Ӯ мегӯяд, агарчӣ рухдоди чунин ҳолатҳо истисно нестанд, аммо аслан ба дини мубини Ислом иртиботе надоранд. “Расонаӣ кардани ин мавзӯъ ба душманони Ислом имкон медиҳад, ҷавононро ба гуруҳҳои ифротӣ ҷалб намоянд. Исботи гуфтаҳо ин аст, ки имрӯз баъзе аз ҳамдиёрони мо дар нуқтаҳои доғи Сурия ва Ироқанд, ки дар он ҷо душманони Ислом мусалмонҳоро бо мусалмонҳо ба ҷанг андохтаанд”,-таъкид доштааст ӯ.
Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, инчунин, дар номаи худ ба Имомуддин Сатторӣ тақозо кардааст, мақомоти Тоҷикистон ба талабҳои насли ҷавон гӯш бидиҳад. “Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ бояд андеша ва мавқеи насли ҷавонро ба назари эътибор бигирад, ки теъдодашон дар қаламрави Русия ба ду миллион нафар мерасад”,-гуфта шудааст дар номаи ӯ.
Каромат Шарифов рӯзи 12 августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада буд. Вай гуфта буд, дар тӯли сафараш бо Маҳмудҷон Сангов, ки аз сӯи ҳамдиёронаш “фурӯхта” шуда ва зери дасти як соҳибкори инфиродӣ дар Русия ҳамчун ғулом кор мекарду ҳангоми фирор ҷароҳат бардошт, суҳбат мекунад ва чанд мулоқоти ғайрирасмӣ ҳам дорад. Торнамои Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик менависад, оқои Шарифов дар ҷараёни сафарш аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳри Ваҳдат, бисткилометрии Душанбе, боздид карда, бо шароити кори онҳо ошно шудааст. Дар ҳукумати Ваҳдат ба ӯ гуфтаанд, раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амиров аз шароити баду тоқатфарсои муҳоҷирон дар Русия огоҳ аст ва онҳо талош доранд, барои 5 ҳазор сокини кишвар бо маоши беҳтар ҷои кор таҳия намоянд.
Раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар идома ба раҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон номаи расмии худро супоридааст, ки дар он мушкили муҳоҷирон дар Русия ва роҳи ҳалли онҳо нишон дода шудааст.