Интиқоли сарбозони тоҷик баъд аз ду рӯзи таъхир ба Қарағанда
Беш аз ҳафтод афсару сарбози тоҷик 17 август, баъд аз ду рӯзи интизорияшон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ба Қазоқистон интиқол ёфтаанд. Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ин гуруҳи сарбозон дар машқҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ), ки 15 августи соли ҷорӣ дар Қарағандаи Қазоқистон оғоз ёфта, то 23-и ҳамин моҳ идома хоҳад кард, иштирок мекунанд.
Бахтиёр Бозоров, намояндаи дафтари матбуоти Вазорати дифоъ, ба Озодагон гуфт, “ба далели ноустувор будани боду ҳаво афсарони мо каме дертар ба машқҳои низомӣ рафтанд. Умедворем, онҳо ҳунару маҳорати худро хуб намоиш хоҳанд дод”. Номбурда афзуд, ба ин ҳайат 12 афсари гурӯҳи фаврӣ ва дастгоҳи генералии Қувваҳои мусаллаҳ ва 55 сарбози нерӯҳои зудамали Вазорати дифоъ, инчунин, сарбозони Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ шомиланд.
Ба қавли мусоҳиби мо, дар машқҳои низомии кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) ҷониби Тоҷикистонро генерал-майор Миралӣ Раҳматов, фармондеҳи Қушӯнҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи кишвар намояндагӣ мекунад.