Боздошти ду сокини Душанбе барои фурӯши “таблетка”-ҳои мадҳушкунанда
Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон аз боздошти як гуруҳи ҷиноӣ хабар дод, ки ба харидуфурӯши доруҳои мадҳушкунанда машғул будаанд.
Дафтари матбуоти Оҷонсӣ мегӯяд, ҳангоми гузарондани як амалиёт дар Душанбе ду нафарро боздошт намуданд, ки аз онҳо 1930 ҳаб (таблетка)-ҳои сахттаъсире, ки дар таркибашон маводи нашъаовар доштаанд, дарёфт намудаанд.
Ба қавли манбаъ, ҳангоми тафтишот, маълум гардидааст, боздоштшудагон ин доруҳои мадҳушкунандаро дар марказҳои дилхушӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии ҷавонон паҳн мекардаанд. Оҷонсии зидди маводи мухаддир мегӯяд, нисбат ба ин афрод бар асоси моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои дастгир намудани аъзои дигари гурӯҳ идома дорад.