Боздошти Ҳумайнӣ ба иттиҳоми “салафигарӣ” ва даъват ба “тағйирот”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳамчун узви фаъоли ҷараёни мазҳабӣ, аммо мамнӯи “Салафия” дар Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.
Мақомот мегӯянд, Ҳумайнӣ Ғозиев рӯзи 15 августи соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба иттиҳоми узвият дар “Салафия” ва даъват барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дастгир шудааст. “Муайян карда шуд, ӯ дар давоми соли 2009 аз шаҳрванд Баҳром Олимов таълимоти динии равияи “Салафия”-ро омӯхта, аз ҳамон вақт то моҳи августи соли 2014 ҳамчун аъзои ин равияи динӣ иштирок кардааст”,-навишта шудааст дар торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои ин ниҳоди қудратӣ, гӯиё Ҳумайнии 25-сола дар масҷиди ҷомеи марказии пойтахт ба номи “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дар маъракаву маросими мардум ба фаъолияти сиёсӣва динӣ машғул будааст. “Ӯ шаҳрвандон: Наҷмиддин Ашӯров (1989), Аҳмад Зоиров (1986), Фирӯз Сатторов (1990) ва Намозиддин Шамсиддинов (1974) -- сокинони шаҳри Душанбе ва дигаронро ба равияи “Салафия” ҷалб намудааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”,-омадааст дар торнамои ВКД.
“Салафия” ҷараёни тозапайдои мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш баъд аз соли 2005 дар кишвар фаъол шуда, бо тарзи намозгузорӣ, бахусус райъи ядайну баланд гуфтани омин, аз дигарон фарқ доштанд. Дар оғоз мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, пайравони “Салафия” ба қонун итоат мекунанд ва ба амнияти кишвар хатар надоранд. Аммо пас аз доманадор шудани баҳси салафиҳо бо рӯҳониёни суннатии Тоҷикистон ва афзудани саффашон дар масоҷиди кившар, соли 2009 Додгоҳи олӣ фаъолияти ин гуруҳро манъ кард. Дар пайи он даҳҳо тан ба ҷурми гароиш ба ин равияи динӣ, аз ҷумла Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин ва писари ӯ, зиндонӣ шуданд.