Ғизои шоми Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш дар Тахти Наврӯз
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бегоҳи 16 августи соли ҷорӣ бо аҳли хонаводааш ба чойхонаи нави миллӣ, ки аз он “Тахти Наврӯз” ном бурда мешавад, омада ва ғизои шом хӯрдаанд. Як манбаи муътамад ба далели ифшо нашудани номаш гуфт, оқои Раҳмону хонаводааш қабл аз ба истифода додани чойхонаи миллӣ бино ва тамоми имкониятҳои онро аз назар гузарондаанд.
Аммо ин иттилоъ то кунун аз сӯи ҳукумат ва дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ тасдиқ ё рад нашудааст. Чойхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар шафати хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар соҳили кӯли ҷавонон, бунёд ёфтааст, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ - дар остонаи ҷашни Истиқлол ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамикории Шонгҳой - пурра ба истифода дода хоҳад шуд. Ин бино қаблан ифтитоҳ гардида, аммо ба далели корҳои зиёди анҷомнаёфта мавриди истифода қарор нагирифта буд.
Ин чойхона бо усули миллӣ сохта шуда, дар даромадгоҳи он расми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар иҳотаи ҷавонону солхӯрдагон ҳам нақш ёфтааст. Қаблан торнамои eurasianet.org арзиши ин чойхонаро беш аз 60 миллион доллар арзёбӣ карда буд, ки тақрибан як дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чойхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе дуюмин, баъди чойхонаи “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст, ки бо харҷи даҳҳо миллион доллар бунёд ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки чойхонаи Душанбе калонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.