Адвокат аз ФИФА миллиард евро ҷуброн мехоҳад
Аурелио Ҷименес, адвокати колумбиягӣ қасд дорад, Федератсияи байналмилалии футбол ё ФИФА-ро ба додгоҳ кашида, як миллиард евро ҷуброн талаб кунад.
Ба иттилои ВВС News, ин ҳуқуқдони 74-сола гуфтааст, ба ҳадде аз доварии муттахассиси испанӣ - Веласко Карбало дар қисмати чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 миёни Бразилия ва Колумбия (2:1) ноумед шуд, ки бо дарди қалб дар беморхона бистарӣ шуд. “Ман аз дард ҳалок шудам, набераҳоям бо ашки резон маро гирд карданд. Ман ФИФА-ро ба додгоҳ мекашам”, -изҳор доштааст Ҷименес. Ба ин тартиб ӯ мехоҳад ҷуброни зиёни саломатияшро рӯёнад.
Даромади умумии ФИФА аз баргузории Ҷоми Ҷаҳон-2014 дар Бразилия наздики чор миллиард долларро ташкил додааст. Камтар аз ду миллиарди он аз ҳисоби фурӯши ҳуқуқҳои телевизионӣ барои пахши бозиҳо ва тақрибан якуним миллиард аз ҳисоби сарпарастон ба даст омадааст.