Савол аз муҳоҷирон: Дар ҷанги соли 1812 кӣ ба Русия ҳуҷум кард?
Вазорати маориф ва илми Русия намунаи санҷишҳои тестӣ барои муҳоҷирон аз мавзӯъҳои “Таърихи Русия” ва “Асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия” пешниҳод кардааст.
“Ҳар мавзӯъ аз 20 суол иборат буда, се варианти ҷавоб дорад. Барои иҷрои як фан на бештар аз 35 дақиқа вақт дода мешавад”,-навиштааст Интерфакс.
Барои бомуваффақият супоридани санҷиш аз таърих, муҳоҷиронро зарур аст бидонанд, ки княз Владимир дар асри 10 барои Русия кадом динро интихоб кардааст, дар ҷанги ватании соли 1812 кӣ ба Русия ҳуҷум кард ва он замон фармондеҳии артиши Русияро кӣ бар зимма дошт ва монанди инҳо.
Ба ҷуз ин, муҳоҷирон бояд нишон диҳанд, ки 7 январ русҳо Иди қурбон, Рӯзи байналмилалии занон ё Милодро ҷашн мегиранд. 20 саволи фанни дигар аз қонунгузории Русия бошад, нишон медиҳад, муҳоҷирон медонанд, ки нишон ва парчами Русия чӣ гуна асту асъори миллияш кадом.
Ёдовар мешавем, шурӯъ аз 1 январи соли 2015 барои муҳоҷирони меҳнатӣ доштани сертификат дар мавриди супоридани тест ҳатмӣ аст.