Футболбозии Рустами Эмомалӣ ва 5 голи ӯ ба дарвозаи ZTE
Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба дарвозаи дастаи ZTE панҷ гол задааст. Дар ин бора торнамои расмии ФФТ хабар додааст.
Рустами Эмомалӣ ин голҳоро дар доираи сабқати ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Истиқлол” ба нишон расондааст. Ӯ шомили дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон-1 мебошад.
Бозии ФФТ-1 ва ZTE 11:0 анҷом ёфтааст. Ба ҷуз Рустам муовини аввали ӯ -- Хуршед Мирзоев ҳам ба дарвозаи рақиб панҷ тӯб ворид кардааст.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми “Истиқлол” бо ширкати 29 даста 9 август оғоз шуда, дар се майдони сунъии варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ ҷараён дорад. Танҳо бозигарони аз 24-сола боло ҳаққи иштирок дар ин мусобиқаро доранд. Футболбозони ҳирфаӣ, ки дар лигаҳои аввал, олӣ ва мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунанд, ба ин сабқат роҳ дода намешаванд.
Фонди ҷоизавии сабқат 85 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом, нишон ва 50 ҳазор сомонӣ қадр мешавад. Барои ҷои дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои себм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.