"Бо кандани танӯрҳо шикамамон серу шаҳрӣ мешавем?"
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, кандани танӯрҳо дар назди биноҳои баландошёна ба зарари онҳо тамом шудааст.
Соҳиба Каримова, як сокини пойтахт, гуфт, танӯрхонаашонро чор ҳафта пеш бо “булдозер” чаппа кардаанд ва ҳоло маҷбуранд нонро ё аз бозор бихаранд ва ё дар хонаҳояшон бо истифода аз барқ бипазанд. “Пеш дар танӯр нон мепӯхтем, баракат дошт. Рости гап, агар даҳ нони бозорро хӯрӣ ҳам, сер намешавӣ. Алъон аз барқ истифода мекунем, то нони хонагӣ пазем”,-афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо дар идома аз Шӯравии пешин ҳам ёдоварӣ намуд. Ӯ гуфт, “вақте, сӣ соли пеш, ба Душанбе омадем, заводҳои нонпазӣ кор мекарданд ва ҳар субҳ гарм бо 15 тин нони гарм мехаридем. Ҳоло як “хлеб”-и серӯзаро бо нархи 2-3 сомонӣ мефурӯшанд. Ин барои баъзе оилаҳои камбизоат хеле гарон аст”.
Шавкат Саидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе, мегӯяд, танӯрҳо вазъи экологии шаҳрро вайрон мекунанд ва ба ҳамин хотир шикаста шудаанд. Ӯ афзуд, “шикастапораи танӯрҳо то 31 августи соли ҷорӣ аз ҳудуди шаҳр берун бароварда мешаванд. Ин набояд боиси нигаронии сокинони пойтахт шавад. Мо ҳамаи кӯчаҳоро аз шикастапораҳои танӯрҳо, ки фазои шаҳрро вайрон мекунад, тоза мекунем”.
Шикастапораи танӯрҳо, ки як моҳ пеш боиси баҳс дар саҳифаҳои иҷтимоии интернет буд, тарафдорони ин қарори раиси шаҳр ва зидди онро ба баҳс водор кард. Саидбек, ки соҳиби хонаи заминӣ дар маҳаллаи «Зарафшон» мебошад мегӯяд, аз шикастани танӯрҳо дар хонаҳои заминӣ ягон фоидае нест ба ҳукумати шаҳр: “Чаро худи кӯчарӯбҳо дар тобистону тирамоҳ баргҳои чинорро бо партовҳои партовгоҳҳо месӯзонанд? Магар бӯи ифлос ва дуди сиёҳи баргу партовҳо ҳаворо заҳролуд намекунанд? Ҳамаи ин корҳо бар зарари аҳолии ин шаҳр аст, чун дар бозорҳо як нон ки қиматаш 1 сомонисту як нафарро сер намекунад”.
Дигар сокини шаҳр, ки нахост номи худро ифшо кунад, қарори мазкурро дастгирӣ кард ва гуфт: «Шаҳр бояд шаҳр бошад, на ин ки деҳа. Чаро барои шиками дигарон ҳама ғам хӯрад? Ман дар шаҳр бузург шудам ва мехоҳам ки ҷои таваллудам монанди дигар шаҳрҳои мутамаддин бошад. Тирезаро кушода дуди танӯрро нафас накашам”.
Ба ҳар ҳол, баҳси будану набудани танӯрҳо дар пойтахт ҳанӯз ҳам гарм боқӣ мондааст.Онҳое ҳам, ки аз иқдоми шаҳрдорӣ пуштибонӣ мекунанд, мегӯянд, дар баробари кандани танӯрҳо ҳукумат бояд ғами бо ҷои кор таъмин намудани сокинонро низ хӯрад. Чун, ба гуфтаи онҳо, ҳеч кас аз сари орзуву ҳавас дар танӯр нон намепазад. “Мушкили молӣ ва камбизоатист, ки занҳои пойтахтро ба ин амал маҷбур месозад”,-мегӯянд онҳо.