Дар шимоли Тоҷикистон беш аз 300 килограмм маводи мухаддира забту мусодира шудааст.
Дар ин бора ба хабарнигори «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.Тибқи иттилои манбаъ, тайи 8 моҳи соли равон аз сӯи кормандони мақомоти марбутаи минтақаи шаҳру навоҳии вилоят ҳудуди 310 кг 139 гр нашъа кашфу мусодира гардидааст, ки ин дар қиёс ба нишондиҳандаи ҳамин давраи як соли пеш 99 кг кам мебошад. Гуфта мешавад, дар давоми 8-моҳи соли гузашта, дар ҳамин давра зиёда аз 409 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд.
Манбаъ афзуд, аз руи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 164 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 -и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}