Вазири нафт: Эрон дигар ба гази Туркманистон эҳтиёҷ надорад
Бежан Зангин, вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон изҳор доштааст, кишвараш дигар ба гази содиротии Туркманистон ниёз надорад. Дар ин бора расонаҳои туркманӣ хабар додаанд.
“То 200 миллион м3 дар шабонарӯз афзоиш додани коркарди газ дар моҳи марти соли оянда имкон медиҳад, кишвар комилан аз истифодаи гази Туркманистон даст бикашад”, - гуфтааст ӯ.
Гази Туркманистон асосан барои эҳтиёҷоти бахши хусусӣ дар Эрон равона мегардид. Ба қавли Бежан Зангин “ҳамаи қарзҳои Эрон назди содиркунандаҳои гази Туркманистон аз ҳисоби интиқоли таҷҳизоти саноативу энергетикӣ, нақлиёт ва маҳсулоти кишоварзӣ ҳисобӣ хоҳад шуд”.