Ҷарима шудани пулис барои марги Низомиддини 27-сола
Додгоҳи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба қазияи марги Низомиддин Ҳомидов, ҷавони 27-сола дар шуъбаи умури дохилии ин минтақа, нуқта гузошта, танҳо навбатдори он - Зайниддин Назриевро барои бетаваҷҷуҳӣ ҳангоми ифои вазифа ба маблағи 36 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Додгоҳ мегӯяд, Зайнуддин Назриев бар асоси моддаи 322-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "хунукназарӣ" айбдор шуда, ҳамзамон бу муҳлати се сол аз ҳаққи фаъолият дар мақомоти интизомӣ маҳрум хоҳад шуд.
Ба гуфтаи падари Низомиддин - Ҷунайдулло Ҳомидов писари ӯ, шаби 30 марти соли ҷорӣ, аз толори саққобозӣ, воқеъ дар маркази ноҳияи Вахш аз сӯи маъмурини пулис боздошт шудааст: “Рӯзи дигар ду маъмури пулис бе ягон ҳуҷҷат хона бозҷӯӣ карданду ба мо гуфтанд, писаратон дар дуздӣ муттаҳам мешавад. Ман чун фаҳмидам, писарам дар боздошт аст, барояш ғизо бурдам, аммо маъмурини пулис ғизоро гирифта, писарамро ба ман нишон надоданд. Субҳи рӯзи дигар бародарам аз Душанбе ба ман занг зада гуфт, ки писарат дар шуъбаи умури дохилӣ мурдааст.”
Баъд аз ин, маъмурони пулис ба Ҳомидов иқрор шудаанд, ки писари ӯ бо истифода аз куртаи танаш худро дар боздоштгоҳи Шуъбаи умури дохилӣ ба дор овехтааст. Аммо пайвандони Низомиддин он замон гуфта буданд, ба ин бовар надоранду ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Ахиран Додситонии вилояти Хатлон алайҳи навбатдори шуъбаи умури дохилии Вахш - Зайниддин Назриев парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Зебо Қосимова, вакили мудофеи хонаводаи Ҳомидовҳо гуфта буд, парванда алайҳи навбатдори шуъбаи пулис барои хунукназарӣ боз шудааст, дар ҳоле ки Ҷунайдулло Ҳомидов, сокини ноҳияи Вахш иддао дорад, ки маъмурини пулиси ин ноҳия писараш - Низомиддинро дар пайи латту кӯб кушта, ба онҳо гуфтаанд, ӯ худаш дар шуъбаи умури дохилӣ худро ба дор овехтааст: “Писарамро латту кӯб кардаанд. Доду фарёди писарамро аз ошёнаи дуюми шуъбаи умури дохилӣ ҳатто сокинони назди шуъба шунидаанд.”
Маргу мири афроди боздоштшуда дар Шуъбаҳои умури дохилӣ бори аввал нест, қаблан дар Душанбе ва Суғд чунин ҳолатҳо сабт шудаанд. Аз ҷумла дар пайи боздошт аз ҷониби пулис дар ҳолатҳои мармуз Умедҷон Тоҷиев, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов ва дигарон ба ҳалокат расида буданд.