Ислом Каримов: “Гӯед, ки кай тоҷик хони Бухоро шудааст?”
Осмонакун Иброҳимов – профессори қирғиз ва номзади илмҳои филологӣ ҷузъиёти ифшонашудаи баҳси Ислом Каримов – раиси ҷумҳури Узбакистон бо Аскар Оқоев – раиси ҷумҳури пешини Қирғизистонро дар бораи ҳувияти ҳамсари Манас ошкор кардааст.
Иброҳимов дар ин матлаби худ, ки дар блоги хусусиаш ба табъ расидааст, мегӯяд, номгирии Оқоев аз ҳамсари ин қаҳрамони қирғизон ҳамчун зодаи Бухоро ва фарзанди миллати тоҷик дар ҷашни 1000-солагии достони “Манас” бо вокуниши сахти раиси ҷумҳури Узбакистон рӯбарӯ шуда буд.
Ба гуфтаи ӯ, “дар ҷаласаи бахшида ба 1000-солагии достони “Манас”, ки дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор шуду дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, раҳбарони ҳафт кишвар, дабири кулли ЮНЕСКО ва меҳмонони дигар ҳузур доштанд, сухан ба Аскар Оқоев дода шуд. Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ҳангоми маърӯзаяш дар бораи “Манас” сар аз матн бардошту гуфт, ҳамсари Манас, ки аз ӯ Ханикей ном мебаранд, зодаи Бухоро буда, духтари тоҷик мебошад.”
Ба нақли Осмонакун Иброҳимов, ин гуфтаҳои раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон ҳамтои узбакашро сахт нороҳат карда, ӯро водор сохтааст, то ҳангоми расидани навбати суханронӣ вокуниш нишон диҳад: “Каримов чун ба минбар рафт, матни маърӯзаро як тараф гузошта, ба ҳамтои қирғизаш хитоб карду гуфт, ҷаноби Оқоев, аз куҷо якбора зани Манас Ханикей тоҷик шуд? Ба кадом далел ин хел гуфтед? Охир, ӯ аслан узбак буду духтари хони Бухоро! Гӯед, ки кай тоҷик хони Бухоро шудааст?”
Раиси ҷумҳури Узбакистон, ки хеле ғазаболуд будааст, дар идома таъкид кардааст, ки ҳамаи қаҳрамонҳои қирғиз бо духтарони узбак издивоҷ кардаанд, аз ҷумла ҳамсари наздиктарин ҳамнабарди Манас - Алмонбет Арууке ҳам узбак будааст. “Ӯ баъд аз суханронӣ ҳамроҳ бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев толорро тарк карданду дигар дубора боз нагашт, ҳар чанд каме баъд Назарбоев ба толор баргашта буд ва ахиран Каримов худи ҳамон рӯз ба гуфтаи худаш ба хотири корҳои муҳим Бишкекро ба қасди Узбакистон тарк кард”,-ба ёд овардааст Осмонакун Иброҳимов – профессори қирғиз ва номзади илмҳои филологӣ.