Нашри як порча аз китоби “Густариши ахлоқи миллӣ”-и Зафар Сайидзода, мушовири калони бахши ёрдамчии президент ва собиқ сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар торнамои “Озодагон” бо вокунишҳои зиёди корбарон рӯбарӯ шуда, баъзе аз онҳо чопи идомаи онро хоста буданд. Ҳоло як бахши кӯчаки ин китобро, ки дар бораи ахлоқи ҷомеа ва таъсири расонаҳо, бахусус Интернет баҳс мекунад, нашр мекунем:
“Расм шудааст, ки тамоми норасоиҳо ва костагиҳоро дар ҳавзаи фарҳанг ва зиндагии иҷтимоӣ ба сари расонаҳои имрӯзӣ, монанди Интернет ва моҳвора, андозем. Ин, албатта, барои ин ки ҳамаи кӯтоҳиҳои худамонро дар арсаи фарҳангӣ ба осонӣ пӯшонем, беҳтарин роҳ аст.
Албатта, наметавон асари расонаҳоро ба таври комил инкор кард, аммо ҳама мутахассисони риштаи илмҳои иртибототи иҷтимоӣ бар асоси тадқиқоти худ таъкид мекунанд, ки расонаҳо танҳо метавонанд асари устуворсозӣ дошта бошанд ва монанди катализаторе дар як озмоиши кимиёӣ фарояндеро тақвият намоянд ва тезонанд. Агар вазъияти муносиботи хонаводагиамон нобасомон шуда бошад, агар шумораи пош хӯрдани издивоҷҳо афзоиш ёфта бошад, агар муносибатҳои ҷинсӣ белаҷому ноҳинҷор шуда бошанд, ба ин худамон гунаҳкорем. Бидуни шак, чуноне пештар таъкид шуд ва ба ин мавзӯъ боз хоҳем баргашт, расонаҳо бо интиқол додани арзишҳои фарҳангии бегона то андозае ахлоқи миллиро коста мекунанд.
Вале чунин фарз кардан, ки расонаҳо дар танҳоӣ ин қудратро доранд, ки фарҳанги ҷомеаро ба куллӣ тағйир диҳанд, боис мегардад, ки омилҳои баамаловарандаи мушкилҳои иҷтимоиро нодида гирем ва онҳоро пай набарем. Тағйироти сабки зиндагӣ ва ҳадафҳои бунёдии зиндагии ҷомеаи Тоҷикистон бо нишонаҳое, монанди посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ тағйири сабки иқтисодӣ, камаҳамият гардидани арзишҳои маънавию ахлоқӣ, бартарӣ ёфтани нигариши лаззатҷӯёна, истеъмолгароӣ, беқайдиву бебандуборӣ, баррасии амиқ мехоҳанд. Барои пайдо кардани сабабу далелҳои ин ҳама тағйирот бояд нахуст тағйироти фарҳанги ҷаҳониро, ки ҳамаи ҷомеаҳои башариро ба таври ногузир ба масири нав кашондааст ва бо ин сели шадид ҳатто пӯшидатарин кишварҳоро низ тоби муқовимат намондааст, мавриди баррасӣ қарор диҳем.
Ҳамзамон набояд фаромӯш кунем, ки аз худи мо дар бархӯрд бо ин раванд чӣ кӯтаҳиҳое сар задааст. Омори ҷустуҷӯҳо дар Интернет, ки аз ҷониби тоҷикистониён сурат гирифтааст, мутаассифона, баёнкунандаи он аст, ки ҳамватанони мо дар Интернет бештар ба дунболи тамошои аксҳо ва намоишҳои дорои мазмуни робитаҳои ҷинсӣ будаанд. Расона ва дар ин маврид Интернет, гунаҳкор нест, зеро ин шабака дорои садҳо китобхонаи ройгон, сайтҳои маърифатӣ, илмӣ, варзишӣ ва дигар бахшҳои ҷолибу хонданиву диданӣ аст. Агар ахлоқи мо коста намебуд, аз Интернет маводу матолиби фарҳангиву илмӣ ва дигар паёмҳое, ки барои густариши ҷаҳонбинии инсон мусоидат мекунанд, ҷустуҷӯ мекардем. Ин ахлоқи костаи мо, тоҷикон аст, ки боиси падид омадани мушкилиҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ дар ҷомеа мешавад. Ва ин костагии ахлоқӣ ҳосили на як рӯзу ду рӯз, балки солҳои тӯлонӣ мебошад.
Фарҳанг ҳам чизе нест, ки дар як муддати кӯтоҳ ба вуҷуд биёяд ва дар як муддати кӯтоҳ ба куллӣ тағйир кунад, балки падидаи фарҳанг дар тӯли солҳои тӯлонӣ ва балки садсолаҳо шакл мегирад. Бисёре аз костагиҳо ва низ ислоҳи онҳоро бояд андаруни таърихи фарҳангии худамон ҷустуҷӯ кунем. Равиши маҷбуркунӣ дар кори интихоби роҳи дуруст суде дар пай надорад. Таҷрибаи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки манъ кардану ҷазо додани дорандагони мавҷгирҳои моҳвора ва филтр кардани Интернет таъсири баръакс дошта, мӯҷиби иқболи бештар пайдо кардани моҳвораву Интернет аз ҷониби афроди ҷомеа мегардад”.