Номаи Эмомали Раҳмон ба Муҳаммад Навоз Шариф
Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони Муҳаммад Навоз Шариф - сарвазири Покистон ӯ ва мардуми ин кишварро бо ҷашни истиқлолияташон табрик кардааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар номаи худ ба ҳамтои покистонияш, аз ҷумла гуфтааст, “Ҷаноби Олӣ, ҷашни фархундаи миллӣ – Иди истиқлоли кишвар ба ман имкони хуберо фароҳам меоварад, ки табрикоти самимии хеш, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба Шумо, ва мардуми дӯсти Покистон расонам.”
Эмомалӣ Раҳмон ишора кардааст, ки Тоҷикистон ва Покистонро пайвандҳои дерини таърихию муштаракоти зиёди фарҳангӣ ба ҳам мепайвандаду солҳои охир самти сиёсати хориҷии Душанбе бо Исломобод фаъолтар мегардад ва аз он қанотамнад ҳам ҳаст.
“Тоҷикистон нисбат ба дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳояш дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг ва амниятиву низомӣ хеле хушбин аст. Итминон дорем, ки бо саъю эҳтимоми ду ҷониб дар ояндаи наздик муносибатҳои дуҷонибаи мо шомили марҳалаи нави рушду тавсеа мегарданд. Кишвари мо барои расидан ба ин ҳадаф ҳама саъю кӯшишҳои лозимаро ба харҷ хоҳад дод,”-омадааст, дар номаи шодбошии раисиҷумҳури Тоҷикистон.