Ҳабиб Ҳакимов, овозхони маъруф, аз Тоҷикистон рафт
Ҳабиб Ҳакимов, овозхони маъруфи тоҷик ва узви гурӯҳи “Фарзин”, Тоҷикистонро ба қасди кору зиндагӣ дар Русия тарк кардааст. Оқои Ҳакимов дар як суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, ҳоло мунтазири дарёфти санади шаҳрвандии Русия мебошад ва баъд аз он расман ба кор хоҳад пардохт.
Ин овозхони тоҷик афзуд, дар Тоҷикистон кори муносибе пайдо накарда, маҷбур шудааст ғурбатро ихтиёр намояд. Аммо ӯ гуфт, рӯзе ҳатман ба Ватанаш баргашта, тамоми талошашро барои беҳбудии ин сарзамин хоҳад кард.
Ҳабиб Ҳакимов соли 1972 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1994 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ яке аз муассисони гуруҳи овозадори “Фарзин” мебошад, ки соли 1999 таъсис шуда, бо таронаҳои ғайриоддияш маъруфият касб карда буд. Аммо ин гуруҳ соли 2004 пароканда шуд ва Ҳабиб Ҳакимов тасмим гирифт, ба танҳоӣ овозхонӣ намояд. Маҳсули ин давраи фаъолияти вай албоми “Шикасти фиреб” буд.
Соли 2012 Фирӯз ва Ҳабиб Ҳакимовҳо эълон карданд, ки дигарбора зери бренди “Фарзин” баромад мекунанд. «Фарзин»-и баъди «эҳё» соҳиби ҳудуди 10 суруд аст: «Сиёҳчашмак», «Опс-опс», «Анор-анор», «Камкамак», «Master and Servant», «Сенерита», «Ки сага сар дод», «Қаҳр макун», «13 &3», «Ҷигак-ҷигак» ва «Мисли қанд». Аммо таронаи «Сиёҳчашмак» аз феҳрасти сурудҳои «Фарзин» берун мебошад. Онро моли давраи яккахонии Ҳабиб медонанд, ки воқеан муддате сархати сершунавандаҳоро тарк накард ва ба Ҳабиб маъруфият овард.