Даҳ баробар гарон шудани нархи пиёз дар бозорҳои Хуҷанд
Сокинони вилояти Суғд мегӯянд, нархи пиёз дар ин минтақаи кишвар нисбат ба соли гузашта тақрибан даҳ баробар боло рафтааст.
Ба гуфтаи онҳо, ҳоло нархи як кило пиёз дар бозорҳои вилояти Суғд аз 1,5 то 3 сомонӣ буда, ҳатто охирҳои ҳафтаи гузашта баробар ба 4 сомонӣ шудааст. Дар ҳоле ки соли гузашта дар ин шабу рӯз нархи як кило пиёз дар қаламрави вилояти Суғд 30 то 40 дирамро ташкил медод.
Соҳибкорони бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд дар сӯҳбат бо телевизиони “СМ-1”-и ин шаҳр далели аслии боло рафтани нархи пиёзро дар кам кишт шудани он дониста мегӯянд, азбаски соли гузашта пиёз арзон буду деҳқоқонон натавонистанд, фоидаи хуб ба даст оранд, имсол ба ҷои он дигар зироат кишт кардаанд.
Бар асоси иттилои расмӣ имсол дар вилояти Суғд дар 2 ҳазору 768 гектар замин пиёз корида шудааст, ки ин нишондод дар соли гузашта 3 ҳазору 925 гегтарро ташкил медод. Аз сӯи дигар ба гуфтаи Мирзоанвар Аҳмедов- муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд омили дигари баланд шудани нархи пиёз хуб нашудани ин навъи зироат дар ин минтақаи кишвар мешбошад. Ӯ мегӯяд, имсол деҳқонони Суғд аз як гектар замин аз 10 то 15 тонна пиёз нисбат ба соли гузашта кам ҷамъоварӣ кардаанд.
Муовини сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова менамояд, агар соли гузашта деҳқонон аз як гектар замин аз 25 то 30 тонна пиёз гирифта бошанд, имсол ин нишондод 16 то 20 тоннаро ташкил медод. Аҳмедов далели хуб нашудани ин навъи зироат дар вилояти Суғдро сари вақт обёрӣ нашудани заминҳо арзёбӣ кард.
Аммо Аҳмедов иқрор кард, дар боло рафтани нархи пиёз дар вилояти Суғд онҳо ҳам айбдор ҳастанд, чун бидуни омӯхтани талаботи бозори дохилӣ содироти онро ба хориҷ аз кишвар зиёд кардаанд. “Рӯирост гуфтан даркор, ки мо имсол талаботи бозори дохилиро хуб наомӯхта, ба берун бисёртар содир кардем. То моҳи август мо наздик ба 60 ҳазор тонна пиёз ба кишварҳои хориҷ содир кардем.”- афзуд ӯ.