Реҷаи шиносномавӣ дар Душанбе ва шарҳи генерал Ҷӯрахонов
Генерал Саидхон Ҷӯрахонов, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, ҷорӣ шудани низоми шиносномавӣ дар пойтахтро шарҳ дод. Ӯ гуфт, “вақтҳои охир омаду рафти шаҳрвандон аз манотиқи гуногуни кишвар ба шаҳри Душанбе ба маротиб афзуда, аммо на ҳамаи онҳо қоидаҳои будубош ва низоми шаҳрдориро риоя мекунанд”.
Оқои Ҷӯрахонов мегӯяд, реҷаи шиносномавӣ бо ҳадафи таъмини тартиботи ҷамъятӣ ва таъмини бехатариву амнияти шаҳрвандон, алалхусус таъмини низоми шаҳрдорӣ ва будубоши шаҳрвандон дар ҳудуди пойтахт ҷорӣ шуда, аз аввали моҳи август то кунун дар ҳудуди чор ноҳияи шаҳри Душанбе идома дорад.
Ба қавли ӯ, дар ҷараёни гузаронидани реҷаи шиносномавӣ аз тарафи шаҳрвандон 124 ҳолати риоя нагирдидани талаботи моддаи 469-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне бидуни қайди зист истиқомат намудан, муайян карда шудааст.
«Нисбат ба ҳуқвайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ҳамзамон дар рафти гузаронидани ин чорабинӣ 8-ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин, 1 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи шикорӣ, 1 ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани норинҷак ва 12-дона тир ошкор ва мусодира карда шуд»,-афзуд сардори Раёсати умури дохилии Душанбе.