Муталлиб Суфӣ, масъули департаменти савдои наздисарҳадии Чин, мегўяд, дар қисмати ҷанубии Хитой, ки сармояҳои калон дар он ҷо мутамарказ шудаанд, Тоҷикистонро тақрибан касе намешиносад.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистонро бештар дар ноҳияи Шинҷони Чин мешиносанд, ки дар ин минтақа соҳибкору ширкатҳои калони сармоягузор хеле каманд. Ҷаноби Суфӣ дар сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» таъкид намуд, ки барои ҷалби бештари сармояи калони соҳибкорони чинӣ, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, то кишварашонро дар Чин васеътар муаррифӣ намояд.
Сармояҳое, ки дар ҳоли ҳозир аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аксаран қарзи ҳукуматӣ мебошанд ва ба гуфтаи Муталлиб Суфӣ имконоти сармоягузорони хусусии Чинро Тоҷикистон ҳанўз ҳам ба қадри кам истифода карда истодааст.{jathumbnail off}