Фишори хун ва истеъфои писари марҳум Боймуҳаммад Ниёзӣ
Шермуҳаммад Бойматов -- писари марҳум Боймуҳаммад Ниёзӣ, овозхони маъруфи тоҷик, ба далели боло рафтани фишори хунаш аз раҳбарии мактаби санъати Чкалов дар вилояти Суғд даст кашидааст. Оқои Бойматов дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, табибон барояш тавсия додаанд, кори сабук кунад ва ӯ ҳам аз директорӣ истеъфо дода, ҳоло фақат ба омода кардани шогирдонаш, ки шумораашон ба 120 мерасад, машғул аст.
“Шогирдонам дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ асосан аз ғижжакнавозӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Ҳоло ба синни 61 расидаам ва нақша дорам, дар оянда боз ҳам шогирдони беҳтару фаъол тарбия намуда, саҳми худро дар рушди санъату маориф гузорам”,-гуфт ӯ.
Ҳукумати шаҳри Чкалов Моҳиннисо Қурбоноваро раҳбари мактаби санъати ин шаҳр таъин карда, дар ҷаласае, ки 13 август баргузор шуд, ба Шермуҳаммад Бойматов изҳори сипос карданд. Хонум Қурбонова соли 1990 Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз ва соли 1998 факултаи санъаи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси мусиқишинос-шарқшинос хатм намудааст.
Ӯ аз соли 1992 то соли 2009 дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Моҳиннисо Қурбонов соли 2009 ба вазифаи ҷонишини директор оид ба қисми таълими Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз таъин гардида, то моҳи августи соли ҷорӣ дар ин вазифа фаъолият кардааст.