Каромат Шарипов барои ҳимоят аз ҳуқуқи ҳамдиёронаш ба Душанбе омадааст
Каромат Шарипов, раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” вориди Душанбе шудааст. Дар ин бора торнамои tajmigrant.com, ки ба созмони ҷаноби шарипов мутаалиқ аст, хабар додааст.
Торнамо далели сафари ӯ ба Тоҷикистонро “иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳимояти ҳуқуқи ҳамватанони дар қаламрави Русия буда” унвон кардааст. Бар асоси ин хабар, раҳбари ҳаракати “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” қасд дорад, бо Маҳмудҷон Сангов, ки аз сӯи ҳамдиёронаш “фурӯхта” шуд ва зери дасти як соҳибкори инфиродӣ дар Русия ҳамчун ғулом кор мекарду ҳангоми фирор ҷароҳат бардошт, суҳбат кунад. Дар Русия аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва Каромат Шарипов ба ҳайси адвокат баромад мекунад.
“Ҳамчунин Каромат Шарипов як қатор мулоқоти ғайрирасмӣ дар робита ба муайян кардани ҳолатҳои марбут ба “миёнаравҳои пинҳонӣ” анҷом хоҳад дод, ки дар маркази савдои “Маскав” нақши нозирро мебозанд. Маҳз “миёнаравҳо” бозори ғуломдорӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистонро созмон додаанд”,-навиштааст манбаъ. Торнамо мегӯяд, маълумот дар мавриди ин ки маҳз шаҳрвандони Тоҷикистон “миёнаравҳои сиёҳ”-ро раҳбарӣ мекунанд, ҷаноби Шарипов аз Хадамоти амниятии маркази савдои “Маскав” гирифтааст. Каромат Шарипов умед дорад, ӯро мақомот ва намояндаҳои ВАО-и давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ “гӯш” хоҳанд кард.