Нахуствазир мехоҳад муҳоҷиронро ба ватан биёрад
Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон ҳангоми боздидаш аз водии Фарғона дар моҳи июл аз мақомдорони маҳалӣ тақозо кард, тамоми аҳолии ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаро баргардонанд.
Uznews.net менависад, дар ин сафар Шавкат Мирзиёев гуфтааст, бештари мардони қобили меҳнати синни 30-45, барои мардикорӣ Русия, Қазоқистон ва Туркия рафтаанд. Ба дунбол, ӯ аз масъулин хост муҳоҷиронро ба ватан оварда, онҳоро бо ҷои кор таъмин намоянд. “Маъмурияти шаҳри Қуқанд зуд даст ба кор шуд. Мансабдорон аз ҳисоби кормандони ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, муаллимони макотиби миёна, имомҳои масоҷид ва нозирони минтақавӣ гуруҳҳои таблиғотӣ созмон доданд”,-навиштааст манбаъ.
Гулбаҳор, муаллимаи мактаби миёна ба торнамо гуфтааст, ҳар аъзои гуруҳро ба панҷ хонавода масъул кардаанд. “Онҳо вазифадоранд, ба хонаи ин оилаҳо рафта, занҳоро барои аз муҳоҷират даъват кардани шавҳар, писарону духтарҳояшон мутақоид созанд”,-афзудааст ӯ. Дар сурати баргаштан мақомоти маҳаллӣ ба онҳо ҷои кор ва музди меҳнати хуб ваъда медиҳанд, аммо ба қавли Гулбаҳор “оилаҳои муҳоҷирон бовар надоранд, ки шавҳар ва писаронашон дар ватан мисли хориҷа 800-1000 доллар пул мегиранд”.
“Зиндагии оилаи Фирӯза Солеҳова танҳо аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирон пеш меравад. Шавҳараш дар Русия ва писараш дар Қазоқистон мардикоранд. Ҳар ду сохтмончиянд. Панҷ сол мешавад, ҳар моҳ аз 1000 то 1200 доллар ба хонаашон мефиристанд. Аз ин ҳисоб хонаи нав сохта ва мошини “Матиз” харидаанд”,- менависад Uznews.net. Аммо ба иттилои манбаъ, ду ҳафта қабл, ҳайати фаъолони маҳал омада ва гуфтаанд, то моҳи сентябр ҳамсару писараш ба қишлоқ баргарданд. “Ман намефаҳмам, ки ҳукумат чӣ гуна мардҳои моро бо кор таъмин мекунад?! Зеро дар қишлоқи мо қариб аз ҳар хона касе дар муҳоҷират қарор дорад”,-гуфтааст Фирӯза.
Ба гуфтаи як фаъоли маҳаллаи Қуқанд, ки аъзои гуруҳи таблиғотӣ аст, оилаҳо бояд забонхат бидиҳанд, ки аъзои хонаводаашонро аз мардикорӣ бармегардонанд. Нозирони минтақавӣ онҳоеро, ки аз додани забонхат даст мекашанд, ба бастани ҷаримаҳои ҳангуфт ва аз ҳаққи шаҳрвандии Узбакистон маҳрум кардан барои як сол таҳдид мекунанд.
Собир Шарифхоҷаев, шаҳрванди Узбакистон, ки дар Бошқирдистон кор мекунад, хабари баргардондани муҳоҷиронро аз интернет хондааст. Ӯ бовар дорад, ки ин корҳо муваққатиянд: “Ин бозии мақомот пеш аз интихоботҳои президентӣ ва парлумонӣ аст. Интихоботҳо ки гузашт ҳама чӣ ба маҷрои аввалааш бармегардад”.
Ба омори Uznews.net, теъдоди муҳоҷирони узбакистонӣ танҳо дар Русия то панҷ миллион нафар аст. Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Узбакистон дар соли 2013 ба 17 дар сад афзоиш ёфта, 6 миллиарду 633 миллион долларро ташкил додааст. Давоми чанд соли ахир, шаҳрвандони ин кишвар аз рӯи ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба давлатҳои ИДМ зинаи аввалро ишғол мекунанд. Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Экономист”-и Бритониё дар гузориши ахири худ навишт, ки зиндагии 76,7 дар сади аҳолии Узбакистон поинтар аз мизони фақр аст.