Кабирӣ: “Интихоботи Туркияро метавон пирӯзии мусалмонон гуфт”
Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, баъд аз раиси ҷумҳури Туркия интихоб шудани Раҷаб Таййиб Эрдуғон равобити Душанбеву Анқара тағйири ҷиддӣ накарда, ҳамчунон дӯстона боқӣ хоҳад монд.
Аммо оқои Кабирӣ афзуд, эҳтимол Туркия баъзе печидагиҳои сиёсаташ дар Ховари Миёнаро аз ҳисоби тақвияти робитаҳояш бо Осиёи Марказӣ, бахусус туркзабонҳо, ҷуброн кунад. “Далели ин гуфтаҳо барқарории иртиботи заифгашта бо Тошканд мебошад, ки ахиран шуруъ гашт. Чун тамоюли бештар бо кишварҳои туркзабон хоҳад дошт, ки табиӣ ҳам мебошад. Мисле ки иртиботи қавии кишварҳои форсзабон ё арабзабон байни ҳам як амри пазируфта маҳсуб мешавад”,-таъкид дошт ӯ.
Раиси ҲНИТ дар идома гуфт, пирӯзии Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар аввалин интихоботи президентӣ, ки тариқи ҳамапурсӣ анҷом шуд, пешбинишаванда буд. “Ҳам дӯстон ва ҳам рақибонаш эътироф доштанд, ки ӯ пирӯз аст. Фақат суол ин буд, ки дар даври аввал ё дуюм?”,-мегӯяд Кабирӣ
Дар мавриди он ки пирӯзии Эрдуғон аз сӯи баъзеҳо пирӯзии исломгароҳо унвон мешавад, ин сиёсатмадори тоҷик гуфт: “Чандон дуруст нест. Дуруст, ки ӯ як сиёсатмадори муҳофизакори бархоста аз бистари андешаҳои сиёсии исломӣ аст, вале исломгаро ба маънои классикии калима нест. Танҳо пирӯзии шахсии ӯро не, худи интихоботи Туркияро метавон пирӯзии мусалмонон гуфт, на танҳо аз туркҳо ба танҳоӣ. Чун яке аз шаффофтарин интихоботи ҷаҳон аст. Вақте даъво пеш меоранд, ки дар кишварҳои мусалмонӣ имкони баргузории интихоботи шаффоф нест, интихоботи Туркия ин гуфтаҳоро рад мекунад, ки мусалмонҳо ҳам метавонанд чунин интихоботеро баргузор кунанд. Агар бихоҳанд, албатта. Шахсияте мисли Эрдуғон, ки кишварашро ба бистгонаи аввали ҷаҳон дохил кард ва даъво дорад, то 2023 ба даҳгона ворид мешавад, танҳо бо раъйи 52 дар сад пирӯз мешавад. Ва аввалин касе, ки табрикаш мекунад, рақиби ӯст. Метавон Туркияро дӯст дошт ё бад дид, вале наметавон инкор кард, ки дар ин кор онҳо аз арабҳову мо - форсзабонҳо ва дигар туркзабонҳои мусалмон пеш рафтаанд, ки касе дар тозагии интихоботашон шак надорад. На худӣ ва на бегона. Дар чунин холатхо пирузии як нафар чандон аҳамият надорад, инҷо миллат ва кишвар пирӯз аст, ки чунин низоми интихоботии шаффоф ҷорӣ кардааст”.
Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, пирӯзии Эрдуғон ин нуктаро ҳам собит карда, ки “мардуми Туркия дар умум муқобили ифротгароии динӣ ва дунявӣ мебошанд ва интихобашон нерӯҳои муътадилест, ки тавонанд байни арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ тавозуни муносибро ба вуҷуд биёранд”.