АКС: Аксияи "Биёед, китоб мехонем!" дар боғи Устод Рӯдакӣ
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон шоми 12 август аксияеро бо номи “Биёед китоб мехонем!” дар шаҳри Душанбе баргузор карда, дар пайи он ба беш аз сад сокини пойтахт баъзе аз китобҳои бадеӣ ва нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро ба таври ройгон (бепул) тақсим кард.
Ин аксия дар Боғи ба номи “Рудакӣ”-и пойтахт барпо гардида, беш аз як соат давом дошт. Хабарнигори “Озодагон” чанд аксеро аз рафти чорабинии мазкур бардоштааст, ки пешкаши Шумо менамоем.