Даъвати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз мусалмонон барои нашустани ҷасади қурбониёни Эбола
Дар робита ба афзоиши мизони ҳалокшудаҳои вабои Эбола дар як қатор кишварҳои мусалмоннишини Африқои Ғарбӣ, аз пайравони дини Ислом даъват шудааст, аз шустани ҷасадҳо худдорӣ кунанд.
“Гур кардан ва шӯстани ҷасадҳо дар кишварҳои Африқои Ғарбӣ сабаби афзоиши вируси Эбола шудааст. Аз ин хотир мо тавсия медиҳем, ҷасади қурбониёни ин бемориро нашуянд ва онҳоро бо иштироки табибон зуд ба хок супоранд”,-гуфтааст Рана Сидани, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ховари Миёна (СҶТ).
Ба иттилои OnIslam.net, дар Либерия чанд ҳолате ба қайд расидааст, ки мусалмонон ҳангоми шӯстани майити пайвандон ба виреси Эбола сироят ёфтаанд. Муҳаммад Турай, имоми либерӣ ҳам аз даъвати СҶТ ҳимоят карда гуфтааст, ҷасади қурбониёни Эбола шӯста нашавад. Ба таъкиди ӯ, дар Ислом даст расондан ба ҷасаде, ки аз бемориҳои сирноятӣ ҳалок шудаст, манъ аст.
Дар ҳамин ҳол бино ба иттилои ра расонаҳо, теъдоди қурбониёни вабои Эбола дар кишварҳои Африқои Ғарбӣ то 1013 нафар афзоиш ёфтааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи гузашта гуфт, аз ин маризӣ бештар шаҳрвандони Гвинея, Либерия, Сиера-Леоне ва Нигерия ҷон бохтаанд. Теъдоди мубталоёни Эбола то имрӯз 1848 нафар гуфта мешавад. Даво ва ё воксин аз Эбола то ҳанӯз вуҷуд надорад.