90-ҳо дар озмуни 90 идеяи беҳтарини рушди шаҳри Душанбе
Дар пойтахт озмуни “90 идеяи беҳтарини рушди шаҳри Душанбе” эълон шуд.
Торнамои мири пойтахт менависад, ин озмун ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва ҷиҳати иҷрои қарори раиси шаҳр “Дар бораи таҳияи Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар солҳои 2015-2025” роҳандозӣ шудааст. Ба иттилои манбаъ, озмуни мазкур миёни сокинони шаҳри Душанбе бо ҷалби институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ВАО ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ “ҷиҳати ба даст овардани идея ва ташаббусу таклифҳои созанда дар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инфросохторӣ гузаронида мешавад”.
“Идея ё таклифи креативӣ бояд бо назардошти муҳиммиятнокӣ дар рушду нӯмуи шаҳр, реалистӣ, амалишаванда ва нишон додани роҳи татбиқи он қабул гардида, матни он на камтар аз 90 ҳарф ва на зиёда аз 90 калимаро дар бар гирад. Мӯҳлати гузаронидани озмун 90 рӯз буда, танҳо 90 идеяи дар навбати аввал ба озмун пешниҳодгардида қабул мешавад”,-менависад торнамои раиси шаҳр.
Барои идеяҳои беҳтарин, ҷойи аввал 500 сомонӣ, ҷойи дуюм 400 сомонӣ, ҷойи сеюм 300 сомонӣ, ҷойи чорум 200 сомонӣ ва барои 9 идеяи нисбатан беҳтари дигар - ҳар кадом 90 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст. Идеяҳо ва пешниҳодҳои креативӣ тавассути манзили электронии 90ideya.dushanbe@mail.ru, паёмаки телефонӣ ба рақами (939) 21-90-90, сомонаҳои www.mometavonem.tj, www.bemiyonaravho.tj ва хаттӣ ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе қабул мешаванд.
“Ҳамаи 90 идеяи беҳтарин дар шакли китобча бо нишон додани муаллифи он нарш карда мешавад”,-илова кардааст dushanbe.tj. /size]