Як голи Тоҷикистон бар ивази ду тӯби Қазоқистон
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон 1:2 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 38-уми бозӣ футболбози қазоқ Бауржан Исламхан боз кард. Дар дақиқаи 58-ум Фарҳод Тоҳиров ҳисобро баробар сохт, аммо Улан Конисбоев дар дақиқаи 66 голҳои Қазоқистонро бар ду расонд.
Чорумин бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Қазоқистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато баргузор шуд. Яккачини Тоҷикистон дар ҳайати 21 футболбоз рӯзи гузашта ба Алмаато парвоз кард. Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллӣ 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро ба ин рақобат бурд.
Яккачини Тоҷикистон бо либоси сурх ва меҳмонон бо либоси сафед ба майдон баромаданд. Бозиро мутахассисон аз Қирғизистон доварӣ карданд.
Дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз ин пеш се маротиба бо ҳам қувва озмудаанд. Дидори аввал 11 апрели соли 1994 дар чорчуби сабқати байналмилалӣ дар Тошканд бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. 2 июли соли 2006 дар доираи бозии дӯстона дар Алмаато ба майдон баромаданд ва футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. 8 сентябри соли 2007 бошад бозии дӯстонаи ду тим дар Алмаато мусовӣ- 1:1 поён ёфт.