ВИДЕО: Ҳушдори вакили рус аз “оқибати нохуб”-и хулосаи Додгоҳи олии иқтисодӣ
Игор Серебряков, вакили мудофеи рус, ки аз ҳаққи моликони ширкати “Созидание”, марбут ба сарватманди маъруф -- Олег Дерипаска дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад, гуфт, ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии кишвар ба муносибати Душанбеву Маскав таъсир хоҳад гузошт. Ӯ аз ҳукми додгоҳ, ки “Созидание”-ро ба пардохти 322 миллион сомонӣ ҷарима ба Кумитаи андоз муваззаф кард, норизоятӣ намуда, онро ғайриқонунӣ номид.
Вакили мудофеи рус рӯзи 12 август дар сӯҳбат бо хабарнигорон афзуд, “ҳукми додгоҳ ҳатман таъсири худро ба равобити ду кишвар мерасонад. Ман ин нуктаро дар мурофиаи гузашта низ гуфтам. Инчунин, таваҷҷуҳи сармоягузорон ба Тоҷикистон камтар хоҳад шуд”. Ӯ рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфта буд, “натиҷаи чунин муносибати Кумитаи андоз аст, ки имрӯз муҳоҷирон маҷбуранд, бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия бираванд”.
Серебряков дар идома таъкид дошт, бинои “Созидание” ва меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и Душанбе бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин, раҳбарони Тоҷикистону Русия, бунёд шуда, дар сурати пеш омадани мушкил дар кори онҳо фазои сармоягузории Тоҷикистон бадтар хоҳад шуд. Ӯ дар идома афзуд, онҳо аз болои ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурда, бознигарияшро талаб хоҳанд кард. “Ҳар вақте матни пурраи ҳукми додгоҳро гирифтем, шикоят хоҳем бурд. Умед дорем, раёсати Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти моро қонеъ мекунад. Муҳлати бурдани шикоят 6 моҳ аст, аммо кӯшиш мекунем, дар вақти кӯтоҳ онро омода кунем”,-таъкид дошт вакили рус.
Адвокати рус, инчунин, гуфт, онҳо бо хулосаи додгоҳҳои Тоҷикистон қаноат накарда, ба додгоҳҳои байналмилалӣ муроҷиат хоҳанд кард.
Баҳси додгоҳии “Созидание”, соҳиби меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency ва маркази “Созидание” дар Душанбест, ба дунболи даъвои Кумитаи андози Тоҷикистон сурат гирифт, ки ин ширкатро барои пинҳон кардани молиёт 322 миллион сомонӣ ҷарима кард. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, қаблан дар як номаи худ ба муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидзода гуфта буд, агар лозим шавад, маҷбурӣ ин миқдор маблағро ба фоидаи буҷет хоҳанд рӯёнд.