Соҳиби Hyatt Regency ба пардохти 322 млн. сомонӣ маҷбур шуд
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ширкати “Созидание”, соҳиби меҳмонхонаи панҷситорадори Hyatt Regency-ро, ки марбут ба сарватманди маъруфи рус -- Олег Дерипаска дониста мешавад, муваззаф кард, ба Кумитаи андози кишвар 322 миллион сомонӣ бисупорад. Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, ин пулест, ки дар пайи тафтиши фаъолияти ширкати “Созидание” аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 ошкор шудааст.
Ба қавли онҳо, “Созидание” дар ин муддат дар бораи муассисаш низ маълумоти нодуруст пешниҳод кардааст: “Дар гузориши ширкат ба Кумитаи андоз, ки соли 2013 ироа шудааст, муассиси ягонаи ҶДММ “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр нишон дода шудааст. Зимни санҷиш муайян шуд, WTT Hotels one Limited ҳиссаи худро соли 2008 ба ивази 100 миллион доллар ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Кипр фурӯхтааст, аммо аз ин амалиёт, андоз аз даромад ҳисоб ва пардохт накардааст”.
Игор Серебряков, вакили мудофеи рус, ки аз ҳаққи моликони бинои “Созидание” ҳимоят мекунад, дар мурофиаи гузашта аз муносибати, ба гуфтаи ӯ, бади Кумитаи андози кишвар нисбат ба сармоягузорони рус изҳори нигаронӣ кард. Ӯ рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, “натиҷаи чунин муносибати Кумитаи андоз аст, ки имрӯз муҳоҷирон маҷбуранд, бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия бираванд”.
Ӯ дар идома таъкид дошт, бинои “Созидание” ва меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и Душанбе бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин, раҳбарони Тоҷикистону Русия, бунёд шуда, дар сурати пеш омадани мушкил дар кори онҳо фазои сармоягузории Тоҷикистон бадтар хоҳад шуд. Вай аз додрас хост, то ташхиси мустақили муҳосиботӣ гузаронда шавад, чун ба гуфтаи ӯ, “ҳар сол аз ҷониби Кумитаи андози Тоҷикистон тафтишот гузаронда мешуд ва мо аслан камбуде надоштем”.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон қаблан дар як номааш ба Давлаталӣ Саидов – муовини нахуствазири Тоҷикистон гуфта буд, тамоми маблағҳои дар рафти санҷиш ошкоркардашударо бояд “Созидание” ба буҷет пардохт кунад: “Дар акси ҳол, мақомоти андоз тибқи қонунгузорӣ ҷиҳати маҷбуран ситонидани маблағҳои ҳисобшуда тамоми чораҳоро меандешад.”
Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон санҷиши ширкати “Созидание”, ки соҳиби меҳмонхонаи Hyatt Regency ва маркази соҳибкории “Созидание” дар Душанбе мебошад, супоришӣ унвон мекунанд. “Созидение” ба Олег Дерипаска, миллиардери рус ва соҳиби ширкати “Русал” марбут дониста мешавад, ки ахиран алайҳи корхонаи алюминиюми тоҷик ТАЛКО иқдом намуда, садҳо миллион доллар талаб дорад. Санҷишу ҷаримабандии “Созидание” як навъ посух ба иқдоми ширкати Дерипаска алайҳи ТАЛКО арзёбӣ мешавад.
Аммо Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, расман ширкати “Созидание” ба Русия ягон иртибот надорад: “Мутобиқи маълумоти расмӣ муассиси ягонаи “Созидание” ширкати “SUNLINK LIMITED”-и ҷумҳурии Кипр, мебошад, ки ба Русия алоқамандии ҳуқуқӣ надорад.”