Нурсултон Назарбоев кишварашро сармоягузори аслии Тоҷикистон номид
Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷоратӣ ва сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд. Ин нуктаро Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар расми тақдими эътимодномаҳо ба як қатор сафирони кишварҳои хориҷӣ баён кардааст.
“Қазоқистон Тоҷикистонро ҳамчун шарики муҳими дар минтақаи Осиёи марказӣ медонад. Мо шарики бузурги тиҷоратӣ ва аз сармоягузорони аслии ин кишвар шудем. Ҳаҷми сармояи Қазоқистон дар иқтисоди Тоҷикистон имрӯз аз 125 миллион доллар бештар аст. Бо иштироки сармояи Қазоқистон наздики 40 ширкат фаъолият мекунад. Ба ин нигоҳ накарда, бояд ҳамкориҳо густариш ёбад”, - гуфтааст Назарбоев.
Ба иттилои Казинформ, президенти Қазоқистон таъкид кардааст, кишвараш ба роҳандозии тарҳои дуҷониба дар бахшҳои кишорварзӣ, сохтмон ва хӯрока бо Тоҷикистон манфиатдор аст.