Манасян шомили ситоди тренерони мунтахаби Тоҷикистон шуд
Вазген Манасян, собиқ ҳамлагари дастаи “Помир”-и Душанбе расман шомили ситоди тренерони тими миллии Тоҷикистон шуд.
Мутахассиси 56-сола қаблан тимҳое ба монанди “Волочанин-Ратмир” (Вышний Волочёк), “Черноморец” (Новороссийск), “Сталь” (Днепродзержинск) ва “Локомотив” (Тошканд)-ро тамрин додааст. Вазген Манасян ҳоло ҳамроҳ бо тими миллӣ дар Алмаатои Қазоқистон қарор дорад.
Манасян 13 марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Устоди варзиши СССР (1988) аст. Моҳи сентябри соли 1979 ӯро ба дастаи овозадори “Помир” даъват мекунанд. Баъди суқути СССР дар моҳи апрели соли 1992 “Помир”-ро тарк карда ба “Зенит”-и Санкт-Петербург пайваст. Соли 1996 карераи бозигарияшро ба анҷом расонда, ба тренерӣ оғоз кард.