ВИДЕО: Нақли ҷавоне, ки мехост дар назди Қасри президент худро оташ занад
Абдураҳмон Давлатов - сокини ҷавони ноҳияи Рӯдакӣ, ки шоми 11 августи соли ҷорӣ дар назди Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қасди худсӯзӣ дошт, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ин қазияро шарҳ дод.
Давлатов мегӯяд, дар пайи як ҳодисаи дуздие, ки якуним соли пеш иттифоқ уфтодаву Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ӯро ноодилона айбдор ва ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф кардааст, барои додхоҳӣ ба назди президент рафтааст. “Ба Қасри раёсати ҷумҳурӣ рафтам. Ариза доштам, супоридам. Ман чӣ кор кунам? Наметавонам. Се фарзанд дорам, зӯрам намерасад. Ин чаҳор ҳазор сомониро аз куҷо супорам?”,-афзуд Абдураҳмон Давлатов.
Ин ҷавон нақл кард, ҳангоми ба назди Қасри президент рафтанаш “солярка” гирифта будааст ва қасд доштааст дар сурати бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон вохӯрда натавонистан худро оташ мезанад. “Дар он ҷо муҳофизон буданд, гуфтам, бояд аризаро супораму ҷанобро бубинам. Онҳо гуфтанд, пеши ӯ даромадан мумкин нест. Воқеаро вақте фаҳмондам, пурсиданд, ки дар халтаат чӣ дорӣ? Гуфтам: солярка ва агар раиси ҷумҳурро дида натавонам худро оташ мезанам. Онҳо гуфтанд, худатро ба даст гир ва дар тӯли даҳ рӯз Ҷаноби Олӣ аризаатро мебинад”,-ба ёд меорад мусоҳиби мо.
Ӯ дар идома гуфт, “баъдан ду маъмури пулис омаданду маро ба шуъбаи корҳои дохилии Исмоили Сомонӣ бурданд. Мардак шав гуфтанд. Лекин гуфтам, шароити коркунӣ надорам. Баъдан ба шуъбаи корҳои дохилии Рӯдакӣ занг заданд ва маъмурони пулиси ҷои худамон рафта, маро гирифта берун бароварданду дарҳол ҳақорат карданд ва як мушт ба рӯям ҳам заданд”.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ тахминан чаҳор моҳи қабл Абдураҳмон Давлатовро дар дуздии чорвое муттаҳам кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Давлатов, мақомот чорворо аз дасти каси дигар, ки аз ӯ Саидбег ном гирифт, пайдо кардаанду худаш ҳангоми содир шудани ин ҷиноят дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон қарор доштааст ва ҳатто дар ин бора далел низ дорад.
Қасди худсӯзӣ намудани як ҷавони тоҷик дар эътироз ба ноадолатиҳои додгоҳӣ бори аввал нест. Қаблан, рӯзи 27 марти соли ҷорӣ, Шавкат Раҳмонов - сокини 74-солаи шаҳри Душанбе, низ дар рӯбарӯи қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон худро оташ зада буд. Он замон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия дар торнамои расмияш навишта буд, ки Шавкат Раҳмонови 74-сола “дар назди мағозаи “Варзишӣ” дар маркази Душанбе ба қасди худкушӣ худро оташ задааст. Сабаби даст ба ин кор задани Раҳмоновро мақомот муноқишаи оилавӣ оид ба тақсими манзил дониста, ҳатто ӯро бемори рӯҳӣ муаррифӣ карданд.