Вазир: “2,7 млрд. $ ба ҳисоби Занҷонӣ дар Тоҷикистон гузаштааст”
Бежан Номдор Зангина, вазири нафти Эрон, ки субҳи сешанбеи 12 август дар як барномаи иқтисодӣ дар телевизиони Ҷумҳурии Исломӣ суҳбат мекард, аз интиқол ёфтани 2 миллиарду 700 миллион доллар пули кишвараш ба ҳисоби қалбакии Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ӯ гуфт, ин пул бо имзои чанд вазири ҳукумати пешин ба раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод ва раиси кулли Бонки Марказии Эрон интиқол ёфтааст.
Вазири нафти Эрон афзуд, “Занҷонӣ дар Тоҷикистон ва сипас Малайзия бонке дуруст кард, ки маълум нашуд, чист ва чаро чунин риски бузург кардаанд”. Ӯ илова кард, “пайдост, ки дар ин кор танҳо набудааст, чун магар мешавад, як нафар ба танҳоӣ битавонад ин ҳама пулро бихӯрад, ҳар чӣ қадар ҳам одами заранге бошад?”
Зангина бо баёни ин ки иддае ҳамчун Бобак Занҷонӣ дар давраи раёсати Аҳмадинажод пули нафт ва кишварро бурадаанду ҳозир нестанд, онро пас диҳанд, гуфт, “мизони амволи Бобак Занҷонӣ бисёр камтар аз бидеҳии 8 миллиард туманӣ аст, ки ӯ ба давлат дорад”. Вазири нафти Ҷумҳурии Исломӣ бахши асосии ин қарзи Занҷониро марбут ба нафти хоме донист, ки ба ӯ дода будаанд, то дар хориҷ бифурӯшад, вале ҳаргиз пули онро ба ҳисоби давлат ворид накардааст.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард ва Занҷониро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам намуд.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва дар сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки “Kont Investment Bank”, ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.