Раисиҷумҳури Муғулистон ба Тоҷикистон меояд
Тсахиагийн Элбэгдорҷ, раисиҷумҳури Муғулистон ҷиҳати иштирок дар кори саммити сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба Тоҷикистон меояд. Саммити мазкур 11-12 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бино ба иттилои расида, дар ҷараёни ин сафар Тсахиагийн Элбэгдорҷ бо ҳамтои тоҷикаш-Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, шонси Муғулистон барои аъзои комилҳуқуқи СҲШ шудан хеле бузург аст. Ин кишвар дар созмони мазкур ҳоло мақоми нозирро дорад.