Субҳи имрӯз дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори иди Истиқлол гузашти низомӣ бо ширкати кормандони мақомоти қудратӣ ва низомии минтақа сурат пазируфт.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», ҳамчунин 2000 нафар донишҷӯ ва намояндагони сохторҳои мухталифи шаҳру навоҳӣ дар назди минбари масъулини мақомоти ҳукумати маҳаллӣ саф ороста, роҳпаймоӣ карданд.
Ҳамзамон, баъд аз зӯҳри имрӯз ҳукумати шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст дар ин ҷо тӯйи арӯсии 20 ҷуфт аз хонаводаҳои камбизоатро баргузор намояд. Гуфта мешавад, дар баробари ин 100 нафар бачаҳо аз оилаҳои нодор низ маъракаи хатнатӯйяшон доир мегардад. Дар интиҳо баргузории консерти идона то шом дар назар аст.{jathumbnail off}