Аз гум шудани Осия 4 рӯз гузашт. Модараш: "То ҳол хабаре надорем"
Назира Диловарова, модари Осияи панҷсола ва сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, тамоми талоши онҳо, маъмурони пулис ва дастёрон барои пайдо кардани фарзанди кӯчакаш то ҳол бе натиҷа будааст. Ба қавли ӯ, Осия рӯзи ҳаштуми августи соли ҷорӣ дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт гум шуда, бо вуҷуди насби аксҳояш дар хиёбонҳо ҳанӯз аз ӯ дараке нест.
Хонум Диловарова он рӯзро ба хотир оварда мегӯяд, “ӯ дар хона ҳамроҳи холааш нишаста буд. Баъд аз чаҳор соати гум шуданаш маро огоҳ карданд. Осияи ман ҳеч вақт бе назорат набуд, ӯро танҳо намегузоштем ва аз пеши худаш низ ба ҳар куҷо намерафт. Ҳайрон аз онам, ки ин ҳодиса чӣ хел иттифоқ уфтодааст. Ҳатто чанд вақт шуд ӯро аз боғчаи бачагона гирифта будем”.
Замоне бо Назира Диловарова дар бораи духтараш суҳбат доштем, чанд тан аз наздиконашон, ки бархе аз онҳо ба ҷустуҷӯи Осия машғуланд, гуфтанд, “то ҳол хабаре нест”. Модари Осия мегӯяд, мақомот дар ҷустуҷӯи духтараш ҳастанд ва ҳоло чизе гуфта наметавонад, ки ба чӣ натиҷае хоҳанд расид: “Тамоми камераҳоро бо иштироки худам дидем, ҳеч нишоне нест”.
Наздикони Осияи панҷсола мегӯянд, ӯ баъди аз хона баромаданаш назди як обфурӯши назди биноашон рафтааст. Обфурӯши назди манзили Осияи гумшуда бо тасдиқи ин гуфтаҳо дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, “дар ҳақиқат, ҳамон рӯз Осия барои обхарӣ назди мо омада буд. Ростӣ, намедонем, ӯ аз кадом тараф омад. Фақат ӯро дар наздамон дидем, ки об нӯшидан мехост. Баъдан аз назди мо рафт. Бори охир ӯро дар ҳамин ҷо дидем”.
Хонаводаи Осияи панҷсола ҳамсояи Сабина ва Малика Араловаҳоянд, ки дар маҳалли “Садбарг” воқеъ буда, моҳи марти соли гузашта гум шудаву то ҳол пайдо нагардидаанд. Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 25 марти соли 2013 аз назди манзили зисти худ, дар наздикиҳои маркази савдои “Садбарг”-и Душанбе ғайб заданд. Ба ин қазия моҳи апрели соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳам дахл карда, онро аз ҷумлаи ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ арзёбӣ кард. Ӯ аз сохторҳои қудратии кишвар даъват карда буд, барои пайдо намудани Малика ва Сабина, ду ноболиғи гумшуда дар Душанбе, чораҳои заруриро биандешанд.
Улуғбек Аралов, падари Малика, мегӯяд, бо вуҷуди нокомии мақомот барои пайдо кардани духтараш ҳанӯз умедро аз даст надодааст. Вай гуфт, барои ҷустуҷӯи духтараш тамоми талошашро хоҳад кард.