Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алавӣ ва баҳси масоили амниятӣ
Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Маҳмуди Алавӣ - вазири амнияти Эрон вохурдааст.
Тавре дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар хабар медиҳад, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуд Алавӣ рӯзи 11 август дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкории Эрону Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти амниятро баррасӣ карда, таъкид кардаанд, ки Душанбеву Теҳрон метавонанд барои таҳкими амнияту субот дар минтақа, аз ҷумла дар бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон нақши назаррас дошта бошанд.