Футбол: Мунтахаби Тоҷикистон бо Қазоқистон қувва меозмояд
Шоми имрӯз, 12 август дар шаҳри Алмаато дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад.
Яккачини Тоҷикистон дар ҳайати 21 футболбоз рӯзи гузашта ба Алмаато парвоз кард. Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллӣ 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро ба ин рақобат бурдааст. Аммо Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлагари клуби “Истиқлол” шомили ин ҳайат нест, зеро тавре торнамои ФФТ иттилоъ медиҳад, ӯ ҳафтаи равон тӯйи арусӣ дорад.
Дидори дӯстонаи тимҳои Тоҷикистону Қазоқистон соати 18:30 (ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи марказии Алмаато оғоз мешавад. Ин бозиро мутахассисон аз Қирғизистон доварӣ мекунанд. Дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз ин пеш се маротиба бо ҳам қувва озмудаанд. Дидори аввал 11 апрели соли 1994 дар чорчуби сабқати байналмилалӣ дар Тошканд бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт. 2 июли соли 2006 дар доираи бозии дӯстона дар Алмаато ба майдон баромаданд ва футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрданд. 8 сентябри соли 2007 бошад бозии дӯстонаи ду тим дар Алмаато мусовӣ- 1:1 поён ёфт.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетысу», Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов («Истиқлол»).
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарипов («Истиқлол»), Ибрагим Рабимов («Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарипов (ССКА «Помир»).
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Комил Саидов («Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов.