3 фармони барканорӣ ва таъини сафирон дар Ҳиндустону Эрон
Саидбег Саидов – сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон, рӯзи 11 августи соли ҷорӣ бо фармони раиси ҷумҳури кишвар аз симаташ барканор карда шуд.
Тавре дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Саидбег Саидов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафирии Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод карда шудааст. Вале то ҳол маълум нест, ӯ ба кадом мансаб таъин гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло ба курсии холимондаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов такя задааст.
Инчунин бо фармони дигари раиси ҷумҳури кишвар Неъматулло Эмомзода сафири Тоҷикистон дар Эрон таъин шудааст.