Ҳарфҳои сиёсии адвокати рус дар баҳси Кумитаи андоз бо "Созидание"
Як вакили мудофеи рус, ки аз ҳаққи моликони бинои “Созидание” ва “Ҳаят Реҷенсӣ” дар Тоҷикистон ҳимоят мекунад, аз муносибати, ба гуфтаи ӯ, бади Кумитаи андози кишвар нисбат ба сармоягузорони рус изҳори нигаронӣ кард. Игор Серебряков, ки рӯзи 11 августи соли ҷорӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон суҳбат мекард, афзуд, “натиҷаи чунин муносибати Кумитаи андоз аст, ки имрӯз муҳоҷирон маҷбуранд, бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия бираванд”.
Ӯ дар идома таъкид дошт, бинои “Созидание” ва меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси”-и Душанбе бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмону Владимир Путин, раҳбарони Тоҷикистону Русия, бунёд шуда, дар сурати пеш омадани мушкил дар кори онҳо фазои сармоягузории Тоҷикистон бадтар хоҳад шуд. Вай аз додрас хост, то ташхиси мустақили муҳосиботӣ гузаронда шавад, чун ба гуфтаи ӯ, “ҳар сол аз ҷониби Кумитаи андози Тоҷикистон тафтишот гузаронда мешуд ва мо аслан камбуде надоштем”.
Дар ҳамин ҳол, додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз вакили мудофеи рус хост, дар ин баҳси иқтисодӣ аслан сиёсатро омехта накунад ва ҷониби Кумитаи андоз ҳам изҳор дошт, барои ташхиси дубора розӣ нестанд. Аз ин пештар, дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ, масъулони Кумитаи андоз бо дастури Давлаталӣ Саидзода -- муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон асоснокии санҷиш ва ҷаримабандии ширкати “Созидание”, соҳиби Hyatt Regency-ро, ки баробар ба 322 миллион сомонист, тафтиш карда, посух дода буданд, ки тамоми меъёрҳои қонун риоя шудаанд.
Дар посухи Кумитаи андоз, ки зери имзои раиси ин ниҳод Нусратулло Давлатзода нашр шудааст, таъкид гардидааст, санҷиши ширкати “Созидание” бар асоси қонунгузории Тоҷикистон сурат гирифтааст: “Фаъолияти “Созидание” аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 аз санҷиш гузаронда шуд, ки дар натиҷа пинҳонкунии андозҳо бо назардошти ҷарима ва фоизҳо дар ҳаҷми 322 миллиону 352 ҳазору 898 сомонӣ ошкор гардид.”
Кумитаи андоз мегӯяд, “Созидание” дар бораи муассисаш низ маълумоти нодуруст пешниҳод кардааст: “Дар гузориши ширкат ба Кумитаи андоз, ки соли 2013 ироа шудааст, муассиси ягонаи ҶДММ “Созидание” ширкати WTT Hotels one Limited-и Кипр нишон дода шудааст. Зимни санҷиш муайян шуд, WTT Hotels one Limited ҳиссаи худро соли 2008 ба ивази 100 миллион доллар ба ширкати “SUNLINK LIMITED-и Кипр фурӯхтааст, аммо аз ин амалиёт, андоз аз даромад ҳисоб ва пардохт накардааст.”
Нусратулло Давлатзода мегӯяд, даъвои ширкати “Созидание”-ро дар мавриди беасос будани иддаои мақомоти андоз ахиран додгоҳи иқтисодии Душанбе низ рад кард. Ӯ ҳушдор додааст, тамоми маблағҳои дар рафти санҷиш ошкоркардашударо бояд “Созидание” ба буҷет пардохт кунад: “Дар акси ҳол, мақомоти андоз тибқи қонунгузорӣ ҷиҳати маҷбуран ситонидани маблағҳои ҳисобшуда тамоми чораҳоро меандешад.” Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон санҷиши ширкати “Созидание”, ки соҳиби меҳмонхонаи Hyatt Regency ва маркази соҳибкории “Созидание” дар Душанбе мебошад, супоришӣ унвон мекунанд. “Созидение” ба Олег Дерипаска, миллиардери рус ва соҳиби ширкати “Русал” марбут дониста мешавад, ки ахиран алайҳи корхонаи алюминиюми тоҷик ТАЛКО иқдом намуда, садҳо миллион доллар талаб дорад. Санҷишу ҷаримабандии “Созидание” як навъ посух ба иқдоми ширкати Дерипаска алайҳи ТАЛКО арзёбӣ мешавад.
Аммо Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, расман ширкати “Созидание” ба Русия ягон иртибот надорад: “Мутобиқи маълумоти расмӣ муассиси ягонаи “Созидание” ширкати “SUNLINK LIMITED”-и ҷумҳурии Кипр, мебошад, ки ба Русия алоқамандии ҳуқуқӣ надорад.”